LIVE

Роҳбарони “Ливерпул” бозингаронашонро тиллоборон намуданд

Моликони бошгоҳи футболи “Ливерпул” ба Юрген Клопп ва кулли футболбозони бошгоҳи мерсисайдӣ баҳри пирузӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо  айфонҳои тиллоии сабтиномшуда туҳфа намуданд. Ин смартфонҳои хотирмон аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳ маҳз ба ҳайати варзишии "Ливерпул”  ба хотири ин пирӯзии таърихӣ туҳфа  намудаанд.
Аз рӯи иттилоъи Daily Mail ба 28 бозингари “Ливерпул” смартфонҳои тиллоии бо тарҳи махсусорододашудаи  iPhone X туҳфа намуданд,ки ҳар яки онҳо қариб чор ҳазор евро арзиш доранд. Дар руйпӯши телефонҳо ному насаби футболбозон, рамзи Лигаи Қаҳрамонҳо ва расми ҷоми ин мусобиқоти бошукӯҳ ҳаккокӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем,ки дар финали имсолаи Лигаи Қаҳрамонҳо “Ливерпул” Тоттенхэм”-ро бо ҳисоби ду бар сифр мағлуб намуда,бори шашумин дар таърихи мавҷудияташ Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳоро молик шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив