LIVE

Беҳтарин мураббии Премйер-лига дар 10 соли охир

Шабакаи телевизионии Sky Sports феҳристи 10 мураббии беҳтарини ПЛА давоми 10 соли охирро нашр кард. Мақоми аввалро дар феҳристи мазкур собиқ сармураббии бошгоҳи «Арсенал» - Арсен Венгер, ки 22 сол тими лондониро роҳбарӣ мекард, ишғол намуд. Зинаи дуюмро собиқ сармураббии тимҳои  «Саутгемптон» ва «Тоттенхэм» Маурисио Почеттино ишғол намуд. Дар зинаи сеюм сармураббии феълии «Тоттенхэм» Жозе Моуриню, ки қаб аз ин бо клбуҳои «Челси» ва «Манчестер Юнайтед» низ кор кардааст, қарор гирифт. Юрген Клопп ва Хосеп Гвардиола зинаҳои поинтари феҳристро ишғол карданд. 

Топ-10 мураббӣ ба чунин зайл мавқеъ гирифтаанд:
1. Арсен Венгер «Арсенал» – 608 хол
2. Маурисио Почеттино «Саутгемптон» ва «Тоттенхэм»-457
3. Жозе Моуриню «Тоттенхэм», «Челси» ва «МЮ» – 376
4. Юрген Клопп «Ливерпул» – 351
5. Дэвид Мойес  «Вест Хэм», «Эвертоне», «МЮ» ва «Сандерленд» – 326
6. Брендан Родҷерс «Лестер Сити»,  «Суонси» ва «Ливерпул» – 325
7. Тони Пюлис «Сток Сити», «Кристал Пэлас», «Вест Бромвич» ва «Мидлсбро» – 321
8. Хосеп Гвардиола «Манчестер Сити» – 317
9. Марк Хюз «Фулхэм», «КПР», «Сток Сити» ва «Саутгемптон» – 309
10. Алан Пардю «Нйюкасл», «Кристал Пэлас» ва «Вест Бромвич» – 304.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив