LIVE

Моуриню ба пирӯзиҳои «Ливерпул» нуқта мегузорад?

Дар бозии марказии даври 22-юми Чемпионати Англия  тимҳои «Тоттенхэм» ва «Ливерпул» байни ҳам рақобат мекунанд.  Мутахассиси олмонӣ Юрген Клопп меҳмони ҳамтои португалии хеш Жозе Моуриню мегардад. Ҳолати кунунии «Тоттенхэм» эътимоди мухлисонро барои пирӯзӣ бар «Ливерпул» коста мекунад. Лондониҳо дар чаҳор бозии ПЛА танҳо як ғалаба бар   «Брайтон» (2:1) доранд. Аз тимҳои «Челси» (0:2) ва «Саутгемптон» (0:1) шикаст хурданду бо  «Норвич Сити» (2:2) дидорашон мусовӣ гардид. «Ливерпул»  дар 19 рақобат танҳо як мусовӣ дораду дигар дидорҳои хешро бо ғалаба ҷамъбаст намудааст. Бо ин нишондод шогирдони Клопп зинаи аввали ҷадвали умумиро ишғол мекунанд. Дар дидорҳои охири ПЛА  ливерпулиҳо бар «Лестер» (4:0), «Вулверхэмптон» (1:0) ва «Шеффилд Юнайтед» (2:0)  даст боло шуданд. Дар ҳайати «Тоттенхэм» Уго Лорис, Дэнни Роуз, Мусса Сиссоко, Тангай Н'Домбеле Алваро, Гарри Кейн ва Бен Дэвис бо иллати лат бардоштан ба майдон баромада наметавонанд. «Ливерпул»-ро бошад, Деян Ловрен, Ҷеймс Милнер, Жоэл Матип, Фабинйо, Наби Кейта, Шердан Шакири ва Натаниэл Клайн кӯмак карда наметавонанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив