LIVE

Бозии «Лестер» ва «Ливерпул»-ро тамошо бояд кард

Таҳлилгарон барон назаранд, ки дастаи «Лестер» ягона тиме маҳсуб мешавад, ки ба силсила бозиҳои бе бохти «Ливерпул» дар ПЛА нуқта мегузорад. Варди ва Мэддисон дар якҷоягӣ дифои ливерпулиҳоро шикаста метавонанд.  Шоми 26-уми  декабр дар варзишгоҳи  «Кинг Пауэр - Уолкерс»  бозии марказии даври 19-уми Чемпионати Англия  миёни «Лестер» ва «Ливерпул» сурат мегирад.
Дар ин рақобат бартарӣ ба дастаи сурхпушон дода мешавад. «Ливерпул» аз сабаби иштирок дар Чемпионати Ҷаҳон байни дастаҳои футбол, бозии даври 18-умро доир накард. Дар ин миён  «Манчестер Сити» бо «Лестер» рӯ ба рӯ гардида, бо ҳисоби 1 бар 3 шогирдони Гвардиола ғалаба намуданд. Бовуҷуди ин нокомӣ, рубоҳон ҳанузам дар зинаи дуюм мавқеъ доранд.   «Ливерпул» бозии мавқуфмондаи худро бо тими «Вест Хэм» низ бояд баргузор намояд. Таҳлилгарон барон назаранд, ки шогирдони Юрген Клопп дар дидорҳои охир бештар тавассути маҳорати инфиродии худ ғалаба мекунанд. Бо ин услуб дер ё зуд «Ливерпул» дар ПЛА ба шикаст дучор хоҳад омад. «Лестер»  дар 9 бозии хонагии худ 23 имтиёз ба даст овардааст. Ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳанд, ки даста дар хонаи худ қариб, ки имтиёз аз даст намедиҳад. «Ливерпул» дар Ҷоми лигаи Англия бо ҳайати ҷавонони худ бозӣ кард ва аз «Астон Вилла» шикаст хурд. Дар 34 рӯзи охир шогирдони Юрген Клопп 10 вохӯрӣ гузаронидаанд, ки ба назари мутахассиси олмонӣ чунин ҷадвали мушкил билохира нақшаҳои онҳоро барбод хоҳад дод, зеро «Ливерпул» қудрати бо ду ҳайат майдондорӣ карданро надорад, чунки курсии бозигарони захиравии даста, наонқадар тулонию аз истеъдодҳо комил аст.
Дар рақобат бар муқобили «Лестер» - Ловрен, Матип ва Окслейд-Чемберлен бо иллати ҷароҳат бардоштан ба майдон нахоҳанд баромад. Дидори ин дастаҳо дар «Энфилд» баробар сурат гирифт ва тавасути иҷрои пиналти дар дақиқаҳои 95-уми бозӣ «Ливерпул» ғалаба намуд. 

Next Post

Комментарии 1

Фан Ливерпуля
Фан Ливерпуля от 26 декабря 2019 14:53
Дар кадом канал тамошо карда метавонем

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив