LIVE

«Манчестер Сити» нагузошт то «Лестер» рекорд гузорад

Дар даври 18-уми Премйер-лигаи Англия «Манчестер Сити» дар хонаи худ «Лестер Сити»-ро қабул намуд. Бозӣ дар варзишгоҳи «Иттиҳод» сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди соҳибони майдон ба анҷом расид. Ҳарчанд дар дақиқаи 22-юми рақобат ҳамлагари «Лестер» - Ҷейми Варди ҳисобро кушод, аммо дар ҷавоб бозигарони «Манчестер Сити» ба задани 3 гол даст ёфтанд. Рияд Марез, Илкай Гюндоган            (пиналти) ва Габриэл Жезус муаллифони гол шуданд. Баъди ин дидор «Лестер» силсила бозиҳои бе бохти худро, ки ба 9 адад расида буд, ба анҷом расонид.  «Манчестер Сити» бо 38 хол зинаи 3-юм ва «Лестер Сити» бо 39 имтиёз мақоми дуюми чемпионатро ишғол мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив