Дар даври 16-уми Премйер-лигаи Англия «Манчестер Сити» аз «Манчестер Юнайтед» дар варзишгоҳи “Иттиҳод” бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Баъд аз ин нокомӣ Хосеп Гвардиола бадтарин натиҷа дар корномаи варзишии хешро нишон дод. То ба ин замон ягон тими мутахассиси испанӣ дар 16 дидор чунин имтиёзи кам ба даст наоварда буд. «Манчестер Сити» баъд аз 16 дидор 32 имтиёз ба даст оварда, аз садрнишини ҷадвали Премйер-лигаи Англия - «Ливерпул» 14 имтиёз камтар дорад. Қабл аз Сити Пеп сармураббии бошгоҳҳои «Барселона» ва «Бавария» низ буд.