LIVE

Оғози Мавсими нави Премйер-лигаи Англия

Инак баъд аз тавақуфи 2 моҳа бозҳам яке аз мусобиқоти бонузузтарини сайёра Премйер-лигаи Англия дубора руи оинаи нилгунҳои мову шумо меояд. Рузи 10-уми августи соли ҷорӣ аввалин рақобатҳои даври аввали ин мусобиқот расман оғоз мегардад. Дар ин давру фосилаи таввақуф дастаҳо ҳайатҳои худро қавӣ намуда, бозингарони бомаҳоратро ба ҳайатҳои худ ҷалб намуданд. Айниҳол бошад, бозҳам дастаҳо то анҷоми равзанаи хариду фуруши  футболбозон метавонанд ҳайатҳои худро бозҳам қавитар намоянд. Аз ҳама сармураббии таҷрибадор дар ин мавсими Премйер-лига ин сармураббии бошгоҳи “Борнмут” - Эдди Хау маҳсуб мешавад, ки аз моҳи октябри соли 2012 ба ҳайси сармураббии ин бошгоҳ фаъолият мекунад.  Футболбозе, ки аз ҳама зиёд дар Премйер-лига ҳунарнамоӣ кардааст ин Гарет Барри мебошад, ки 653 маротиба ба майдон баромадааст. Нишонзани беҳтарини Премйер-лига то ҳол Алан Ширер маҳсуб меёбад бо задани 260 гол ба дарвозаи ҳарифон. Аз ҳама ғалабаи зиёд дар як мавсим ин бошгоҳи “Манчестер Сити” ба даст овардааст. Дар 38 дидор онҳо 32 ғалаба доранд. Дастае, ки тавонист як мавсимро бе бохт ба анҷом расонад ин бошгоҳи “Арсенал” маҳсуб меёбад, ки мавсими (2003/2004) дар 38 дидор ягон маротиба ба мағлубият дучор нашуданд. Дастае, ки аз ҳама зиёд дар як мавсим имтиёз ба даст овардааст бошгоҳи “Манчестер Сити” маҳсуб меёбад, ки бошгоҳи мазкур тавонистааст 100  имтиёз ба даст орад. Дастае, ки аз ҳама имтиёзи камтаринро дар як мавсим ба даст овардааст ин бошгоҳи “Дерби Каунти” мебошад, ки дар 38 дидор 11 имтиёз ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив