LIVE

Чаро Клопп аз Гвардиола фирор кард?

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорон шӯхиомез аз мулоқот бо сармураббии “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола фирор кард. Ҳодисаи мазкур зимни маҷлиси васеъи мураббиёни зубдаи футболии Аврупо дар шаҳри Нийони Швейтсария иттифоқ афтод.
“Оё бо Пепе ман сӯҳбат доштам? Пепе худаш кӣ? Ҳа, Пеп. Ӯ ҳам дар Италия аст? Албатта, мо бо ӯ сӯҳбат доштем. Доимо бо Гвардиола сӯҳбат мекунам. Пеп Гвардиола меояд!”-гуфт Клопп ба хабарниггорону зуд аз назди онҳо дур шуд.
Навори ин ҳолат дар саҳифаи “твиттер”-и расмии “Sky Sports Premier League” дастрас аст.
Бозии марказии даври 12-уми ПЛА байни “Ливерпул” ва “Манчестер Сити” бо ҳисоби 3-1 ба суди мизбонон хотима ёфт. Ҳоло “сурхпӯшон” бо 34 имтиёз дар зинаи авваланд ва “шаҳриён” бо 25 хол ҷойи чоруми ҷадвалро банд мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив