LIVE

Салоҳ аз саф афтод

Ҳамлавари нодиру беҳамтои бошгоҳи “Ливерпул” ва яккачини Миср – Муҳаммад Салоҳ дар бозии даври 8-уми Премйер-лигаи Англия бар муқобили “Лестер” (2:1) осеби ҷиддӣ бардоштааст. Дар дақиқаҳои охири қисми дуюми бозӣ ниммуҳофизатгари “Лестер” Ҳамза Чодурӣ, барқастона ба Салоҳ дар афтод, ки дар натиҷа Салоҳ ҷароҳат бардошт. Журналист Ҷеймс Пирс дар саҳифаи «твиттер»-аш хабар додааст, ки осеби бардоштаи Муҳаммад Салоҳ хеле ҷиддӣ аст ва иштироки ӯ дар бозии даври 9-уми ПЛА бар зидди “Манчестер Юнайтед” зери суол аст. Дар вақти танаффуси байналмилалӣ ҳайати табибони “Ливерпул” барои тезтар ба ҳайат баргаштани Салоҳ кори аз дасташон меомадагиро мекунанд. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Ливерпул» санаи 20-уми октябр дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и шаҳри Манчестер баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив