LIVE

Футболбозони калидии “Ливерпул” дар Суперҷом иштирок намекунанд

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп қайд кард, ки ситораҳои асосии даста шояд дар бозии Суперҷоми Англия иштирок накунанд.
“То ҳол оиди иштироки Салоҳ, Мане ва Фирмино дар бозӣ бо “Манчестер Сити” чизе намедонам. Шояд ин се бозигари калидии мо дар қисмати дуюми дидор ба майдон ворид шаванд”, - гуфт Юрген Клопп.
Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Англия санаи 4-уми август дар варзишгоҳи “Уэмбли” миёни “Манчестер Сити” ва “Ливерпул” сурат мегирад.
Мавсими гузашта “Манчестер Сити” бо 98 имтиёз қаҳрамони Премйер-лига гардида буд. “Ливерпул” бошад бо 97 хол мавсимро дар мақоми дуюм ба анҷом расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив