LIVE

Силсилағалабаҳои “Лестер” идома доранд

Дар яке аз бозиҳои даври 11-уми ПЛА дастаҳои “Кристал Пэлас” ва “Лестер”  бозӣ анҷом доданд. Дидори тимҳо дар варзишгоҳи “Селхерст Парк” баргузор шуда бо ғалабаи меҳмонон бо натиҷаи 2-0 ба анҷом расид. 
Нимаи аввал бо ҳисоби 0-0 поён ёфт. Нимаи дуввумро дастаҳо фаъолона шурӯъ намуданд. Лаҳзаҳои хавфноки дастаи “Лестер” бештар ба чамш расиданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 57-ум дифоъгари марказии “Лестер”  Чаглар Сёюнджю голи аввалини ин бозиро  ба ҳадаф расонд.  Дар дақиқаи 88-уми дидор бошад Ҷейми Варди як голи дигари меҳмононро ба самар расонда ҳисбро 2-0 намуд. 
Ҳамин тариқ пас аз ин ғалаба “Лестер” бо касби 23 имтиёз як зина боло рафта, дар зинаи 3-юм қарор гирифт. “Кристал Пэлас” бошад бо 15 хол дар зинаи 9-ум боқӣ монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив