LIVE

“Реал” ба мӯҳри хеш бармегардад

Дар бозии марказии даври панҷуми рақобатҳои чемпионати Испания дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Севиля” дидор анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Рамон  Санчес Писхуан” доир шуда бо ғалабаи минималии дастаи шоҳона ба итмом расид. “Севиля” зер  роҳбарии Хулен Лопотеги мавсимро хеле хуб шуруъ намуда, дар чаҳор даври аввал 3 ғалаба ва як мусовӣ доштанд. “Реал” бошад мавсимро бо 2 ғалаба ва 2 мусовӣ оғоз намуд. Бо дарназардошти он ки “Барселона” ва “Атлетико” дар бозиҳои худ натавонистанд зафар ёбанд, барои мадридиҳо имконияти беҳтарини баромадан ба садри ҷадвал фароҳам омад.  Дар қисми аввали дидор “Севиля”   имкони голзаниро пайдо кардан наметавонист. Лаҳзаи беҳтарини голзанӣ дар нимаи аввал барои Карвахал фароҳам омад, вале дифоъгари гаразмониҳо вазъияти беҳтарини голзанро самаранок истифода накард.  Нимаи дуввумро шогирдони Зидан фаъолона шурӯъ карданд ва якбора шумораи ҳамлаҳои “Реал” бештару суръати ҳуҷумҳо баландтар шуданд. Ҳамин буд, ки Карим Бензема голи панҷумашро дар мавсими ҷорӣ ба ҳадаф расонда, ҳисобро як бар сифр намуд. Месазад қайд намуд, ки дар зарфи 4 соли охир ин ғалабаи нахустини “Реал” дар “Рамон Санчес   Писхуан” ба ҳисоб меравад. Пас аз ин ғалаба датсаи “Реал Мадрид” соҳиби 11 имтиёз гардида, зинаи аввалро бо “Атлетик Билбао” тақсим мекунад. “Севиля” пас аз ин дидор ба зинаи чаҳорум поён фаромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив