LIVE

Афсонаи «Лестер» дубора такрор мешавад?

Дар мавсими 2015/16 дастае бо номи “Лестер” ҷаҳони футболро ба тааҷҷуб  овард. Ин даста, ки он мавсим дар оғоз танҳо барои боқӣ мондан дар ПЛА мубориза мебурд, аммо дар охири Чемпионат ба таври ҳангомавӣ қаҳрамони Премйер-лигаи Англия гардид. Дар он замон ҳатто касе дар сараш фикр ҳам намекард, ки “Лестер”-и Афсонавӣ чемпиони Англия мешавад. Пас аз он замон дигарбора “Лестер” боз дучори бӯҳрон шуд. Ин мавсим шояд мо шоҳиди такрори  афсонаи “Лестер” дар ПЛА гардем. 
Дар бозии даври 10-уми рақобатҳои Премйер-лигаи Англия дастаи “Лестер Сити” ба меҳмонии  “Саутгемптон” сафар намуд. Дар ин майдондорӣ дастаи “Лестер” бидуни мушкилӣ тими рақибро бо ҳисоби ғайриинтизорӣ 9:0 шикаст дод. Ин дуюмин натиҷаи бузург дар таърихи рақобатҳои ПЛА ба ҳисоб меравад. Қаблан “МЮ” дар соли ... ба ин натиҷа даст ёфта буд. Дар айни ҳол “Лестер” бо касби 20 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали ПЛА қарор дорад. 
Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 10-ум
«Саутгемптон» — «Лестер» — 0:9 (0:5)
Голҳо: Чилвелл, 10 (0:1). Тилеманс, 17 (0:2). Перес, 19 (0:3). Перес, 39 (0:4). Варди, 45 (0:5). Перес, 57 (0:6). Варди, 58 (0:7). Мэддисон, 85 (0:8). Варди, 90+4 —пеналти (0:9).
«Саутгемптон»: Ганн, Бертранд, Вестергор (Стивенс, 46), Йосида, Беднарек, Валери (Армстронг, 70), Ромеу, Уорд-Проуз, Хейберг, Редмонд, Ингс (Дансо, 46).
«Лестер»: Шмайхел, Эванс, Рикарду Перейра, Чилвелл, Чаглар Сеюнҷю, Тилеманс, Ндиди, Барнс (Олбрайтон, 72), Мэддисон, Варди, Перес (Грэй, 74).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив