LIVE

Лэмпард бори аввал дар ПЛА соҳиби имтиёз шуд

Бозии даври дуюми ПЛА бо иштироки “Челси” ва “Лестер”, ки дар варзишгоҳи “Стемфорд Бриҷ” сурат гирифт, бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Голи нахуст дар ин дидор дар дақиқаи 7-ум зада шуд. Ба он ҳамлагари 20-солаи дастпарвари “ашрофзодаҳо” Мейсон Маунт муаллифӣ кард. Ӯ аз назди пойи ниммуҳофизатгари тахрибкори “Лестер” Онине Ндиди тӯбро ситонида, ҳисобро боз намуд. Онине Ндиди дар дақиқаи 67-уми бозӣ бо истифода аз партофти Ҷеймс Мэддисон ҳисобро баробар карда, иштибоҳи худро ҷуброн намуд.  Бошгоҳи лондонии “Челси” таҳти ҳидояти собиқ футболбози дастони худ Френк Лэмпард бори аввал дар ПЛА соҳиби имтиёз шуда, ба зинаи 15-уми ҷадвал баромад.

Чемпионати Англия, Премйер-лига. Даври 2-юм
«Челси» — «Лестер» — 1:1 (1:0)
Голҳо: Маунт, 7 (1:0). Ндиди, 67 (1:1).
«Челси»: Аррисабалага, Аспиликуэта, Зума, Кристенсен, Эмерсон, Жоржинию (Ковачич, 71), Канте, Маунт, Педро, Жиру (Абраҳам, 61), Пулишич (Виллиан, 71).
«Лестер»: Шмайхел, Фукс, Эванс, Рикарду Перейра, Чаглар Сеюнҷу, Тилеманс, Ндиди, Чаудхари (Прат, 73), Мэддисон, Варди, Перес (Олбрайтон, 80).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив