LIVE

“Челси” – барандаи Лигаи Аврупо

Дар бозии финали Лигаи Аврупо бошгоҳҳои “Челси” ва “Арсенал” рақобат намуданд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «Олимпийский»-и шаҳри Бокуи Озарбойҷон сурат гирифта, бо ҳисоби бузурги 4:1 ба суди “ашрофзодаҳо” хотима ёфт. Гарчанде, ки қисми аввали бозӣ пуршиддат сурат гирифта, бошад ҳам аммо дастаҳо ба задани гол даст наёфтанд. Дар дақиқаи 49-уми дидор ҳамлавари фаронсавии “Челси” – Оливе Жиру ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 60-ум бошад, форварди испании “ашрофзодаҳо” Педро Родригес шумораи голҳои дастаашро ба ду расонид. Баъд аз панҷ дақиқа барои рафтори ғайриварзишии футболбозони “Арсенал” довари вохӯрӣ Ҷанлука Рокки ба дарвозаи “Арсенал” пеналти таъйин намуд, ки Эден Азар зарбаро бехато иҷро намуда, ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи 69-уми бозӣ форварди “Арсенал” - Алекс Айуоби голи ягонаи “тӯфангдорон”-ро муаллифӣ намуд. Дар ин майдондории таърихӣ нуқтаи ниҳоиро Азар гузошта, ҳисобро 4:1 намуд. Ҳамин тавр бошгоҳи “Челси” ғолиби Лигаи Аврупо дар мавсими 2018/19 гардида, роҳхати мустақими даври гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои мавсими ояндаро соҳиб шуд. Пеш аз бозӣ коршиносон пирӯзиро нисбати “Арсенал” бештар арзёбӣ менамуданд. Дар ҳақиқат ҳам дар ин майдондорӣ “ашрофзодаҳо” арзандаи пирӯзӣ буданд, чаро ки онҳо бо бозии зебояшон аврупоро ба ларза дароварданд. Барои сармураббии “Челси” Маурисио Сарри ин нахустин ҷоиза дар корномаи мураббигии ӯ ба шумор меравад. Ягона умеди “тӯфангдорон” ба воситаи ин пирӯзӣ соҳиби роҳхати даври гурӯҳии ЛЧ-и мавсими 2019/20 буд, аммо чӣ илоҷ. Онҳо сар аз мавсими нав рақобатро дар Лигаи Аврупо идома медиҳанд. Барои Эден Азар бошад, ин охирин бозиаш бо пероҳани “Челси” ба шумор меравад, чаро ки рӯзҳои наздик ӯ ба “Реал” гузариш хоҳад кард.

Лиги Аврупо-2018/19
Финал
"Челси" (Англия) – "Арсенал" (Англия) – 4:1 (0:0)
Голҳо: Жиру, 49 (1:0). Педро, 60 (2:0). Азар, 65  пеналти (3:0). Ивоби, 69 (3:1). Азар, 72 (4:1). 
"Челси": Аррисабалага, Аспиликуэта, Давид Луиз, Кристенсен, Эмерсон, Канте, Жоржиню, Ковачич (Баркли, 76), Педро (Виллиан, 71), Жиру, Азар (Дзаппакоста, 89).
"Арсенал": Чех, Коселни, Папастатопулос, Монреал (Гендузи, 66), Мэйтланд-Найлс, Ҷака, Торрейра (Ивоби, 66), Озил (Уиллок, 77), Колашинатс, Ляказетт, Обамеянг.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив