LIVE

Бохти "Барселона" аз “Челси” дар оғози мавсим

Дар доираи рақобатҳои дӯстона бошгоҳҳои “Барселона” ва “Челси” бо ҳам неру санҷиданд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи марказии Ҷопон баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди “ашрофзодаҳо” хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки ин бозӣ тиҷоратӣ буда, барои дастаҳо ягон аҳамияте надорад. Маврид ба ёдоварист, ки дар ин дидори дӯстона ситораҳои асосии “нилунориҳо” Месси, Суарес, Коутиню, Видал ва Артур шикат надоштанд. 

Бозии дӯстона

"Барселона" - "Челси" - 1:2 (0:1)

Голҳо: Абраҳам, 34 (0:1). Баркли, 81 (0:2). Ракитич, 90+1 (1:2). 

"Барселона": тер Штеген (Нету, 46), Пике (Тодибо, 46), Юмтити (Лангле, 46), Жорди Алба (Хайме, 46), Сержи Роберто (Аленя, 46), С.Бускетс (Семеду, 46), О.Бускетс (де Йонг, 46), Пуч (Ракитич, 46), Колядо (Малком, 46), Гризманн (Рафиня, 46), Дембеле (Перес, 46).

"Челси": Аррисабалага, Давид Луиз (Алонсо, 46), Аспиликуэта (Бакайоко, 71), Эмерсон (Зума, 46), Кристенсен (Томори, 48), Пулишич (Жиру, 60), Маунт (Баркли, 60), Ковачич (Дзаппакоста, 70), Жоржиню (Дринкуотер, 71), Абраҳам (Кенеди, 60), Педро (Батшуайи, 70).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив