LIVE

 Рамос Пикеро ба тӯяш даъват кард

Ҳимоятгари мунтахаби Испания вабошгоҳи “Реал Мадрид” Серхио Рамос ба тӯйи арӯсиаш президенти бошгоҳ - Флорентино Перес, сармураббӣ Зинедин Зидан ва ҳамчунин якқатор ҳамдастагонашро аз “Реал” ва тими мунтахаби Испания даъват кард. Ҳузури футболбозони “Барселона” – Жорди Алба, Серхио Бускетс ва ҳамчунин Жерар Пике бо ҳамсараш Шакира дар маросим дар назар аст. Маросими ақди никоҳи Рамос ва дӯстдухтараш Пилар Рубио, ки аз соли 2012 бо ҳам вомехӯранд, санаи 15-уми июн дар калисои Севиля сурат мегирад. Ин ҷуфт аллакай соҳиби 3 писар – Серхиои хурдӣ, Марко ва Алехандро мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив