LIVE

Расман: Матео Ковачич ба «Челси» гузариш кард

“Реал” дар сомонааш аз гузариши нимҳимоятгари даста Матео Ковачич ба бошгоҳи “Челси” расман итиллоъ додааст. Футболбози 25 солаи хорватӣ бо “ашрофзодаҳо” муддати панҷ сол қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар сарчашма маблағи гузариши Матео Ковачич ба дастаи наваш хабар дода нашудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Ковачич мавсими гузаштаро ба ҳайси иҷора маҳз дар ҳайати “ашрофзодаҳо” сипарӣ намуда буд. Матео дар ҳайати “Челси” 32 бозӣ доир намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив