LIVE

Расман: Лэмпард сармураббии нави “Челси”

Ниҳоятан сару садоҳо ба охир расиданду Фрэнк Лэмпарди дастон курсии сармураббигии бошгоҳи лондонии “Челси”-ро ба душ гирифт. Тибқи иттилои сомонаи расмии “Челси” айни замон Фрэнк Лэмпард бо “ашрофзодаҳо” шартномаи ҳамкории 5 соларо ба имзо расонид. Дар сарчашма маблағи гузариши Фрэнк ба “Челси” 4,5 млн евро дар як сол дарҷ гардидааст. То ин дам Фрэнк Лэмпард дар дастаи “Дерби Каунти” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият мекард. Лэмпард дар ин мақом коршиноси итолиёвӣ Маурисио Сарриро иваз намуд. Хотиррасон мекунем, ки Фрэнк Лэмпарди нобиға ба ҳайси футболбоз 14 соли пурсамари футболбозиашро маҳз дар бошгоҳи “Челси” сипарӣ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив