LIVE

"Ливерпул" – барандаи Шоҳҷоми УЕФА

Ғолибони Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо “Ливерпул” ва “Челси” дар бозии Суперҷоми УЕФА вориди майдони рақобат шуданд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи «Водафон Арена»-и Истанбул баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Барои муайян намудани дидор довар маҷбур шуд, ки ду қисми 15 дақиқагӣ илова намояд. Дар вақтҳои иловагии бозӣ низ ғолиб муайян нашуд, тақдири ин дидорро силсиласарбаҳои пеналти ҳал кард. Дар силсиласарбаҳои пеналти бошгоҳи “Ливерпул” бо ҳисоби 5:4 дастболо шуда, барандани Суперҷоми УЕФА-2019 гардид. Ҳамин тавр “Ливерпул” мавсимро бо ба даст овардани ҷоиза шуруъ намуд, барои “Челси” бошад, мавсими аллакай бебарор оғоз шуд. 

Суперҷоми УЕФА-2019
«Ливерпул» — «Челси» — 2:2 в.и. (0:1, 1:0, 1:1). Пеналти — 5:4
Голҳо: Жиру, 36 (0:1). Мане, 48 (1:1). Мане, 95 (2:1). Жоржиню, 101 —  пенальти (2:2).
Пеналти: Роберту Фирмину — 1:0. Жоржиню — 1:1. Фабиню — 2:1. Баркли — 2:2. Ориги — 3:2. Маунт — 3:3. Александр-Арнолд — 4:3. Эмерсон — 4:4. Салоҳ — 5:4. Абраҳам — 5:4 (дарвозабон).
«Ливерпул»: Адриан, Гомес, Матип, ван Дейк, Робертсон (Александр-Арнолд, 91), Фабиню, Хендерсон, Милнер (Вайналдум, 64), Окслейд-Чемберлен (Роберту Фирмину, 46), Салоҳ, Мане (Ориги, 103).
«Челси»: Аррисабалага, Аспиликуэта, Зума, Кристенсен (Томори, 85), Эмерсон, Жоржиню, Канте, Ковачич (Баркли, 101), Пулишич (Маунт, 74), Жиру (Абраҳам, 74), Педро.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив