LIVE

Расман: » Гарри Магуайр футболбози нави «МЮ»

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар сомонааш аз гузариши дифоъгари бошгоҳи «Лестер Сити» Гарри Магуайр ба таври расмӣ иттилоъ дод. “Девҳои сурҳо” бо Гарри то соли 2025 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Маблағи гузариши футболбози 26 сола ба дастаи наваш £ 80 млн (бештар аз € 87 млн)-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ВАО Магуайр дар як сол 5,5 млн евро маош мегирад. Ҳамин тавр Магуайр гаронарзиштарин дифоъгар дар ҷаҳони футбол гардид. Қаблан рекорди мазкур ба ҳимоятгари “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк (81 млн евро) ба ҳисоб мерафт. Магуайр соли 2017 ба дастаи «Лестер Сити» гузариш намуда буд. Ӯ қаблан шарафи дастаҳои «Уиган Атлетик», «Халл Сити» ва «Шеффилд Юнайтед»-ро ҳимоя мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив