LIVE

“Лестер” таъқиби “Ливерпул”-ро идома медиҳад

Имрӯз дар идомаи рақобатҳои ҳафтаи 16-уми Лигаи бартари футболи Англия тими “Лестер” дар “Вилла Парк” меҳмони “Астон Вилла” шуд. Шогирдони Брендан Роҷерс бо бартарии комил 1 бар 4 бар ин ҳарифи худ пирӯзӣ ба даст оварда, фарқияти 8 имтиёзиро бо тими пешсаф “Ливерпул” нигоҳ доштанд.
Меҳмонон дар қисми якуми бозӣ бо голҳои Ҷейми Варди ва Келечи Ихеаначо ба пеш баромаданд. Дар дақиқаҳои иловагии қисми якум мизбонон бо голи Ҷек Грилиш фарқиятро коҳиш доданд. Аммо бо шуруи қисми дуюм муҳофизатгар Ҷони Эванс боз “Лестер”-ро ба пеш баровард. Нуқтаи ниҳоии ин бозиро Ҷейми Варди гузошт. Ӯ дар дақиқаи 75-ум ҳисобро 1-4 карда, пирӯзии бузурги дастаашро таъмин намуд.

Next Post

Комментарии 1

Серик
Серик от 8 декабря 2019 21:39
Почему 14 тур АПЛ  не был в эфире?

Извините 16 тур АПЛ

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив