LIVE

Почеттино сармураббии «Манчестер Юнайтед» мешавад

Мутахассиси аргентинӣ  Маурисио Почеттино, ки аз мақоми сармураббии «Тоттенхэм» барканор шуда буд, мақсад  дорад сармураббии «Манчестер Юнайтед» гардад.  Дар ин бора рӯзномаи  Manchester Evening News навиштааст.  Почеттино сар аз  соли 2014 роҳбарии клуби лондониро ба уҳда дошт ва рӯзи 19-уми ноябр курсии сармурабии бошгоҳро озод намуд. Ба иттилои сарчашаҳои хабарӣ ин мутахассиси 47- солаи аргентинӣ хоҳиш дорад то сармураббии «МЮ» гардад. Ҷойгузини ӯ дар тими «Тоттенхэм» Жозе Моуриню гардид. Аммо аз «МЮ» дида, ба Маурисио Почеттино бештар тими «Арсенал» таваҷҷуҳ дорад. Зеро  бошгоҳи лондонӣ  бо мураббии испанӣ Унаи Эмери қарордоди ҳамкориашро пеш аз муҳлат қад намуд. Сармураббии  «Манчестер Юнайтед»  Уле Гуннар Сулшер маҳсуб мешавад, ки кори ӯ низ дар даста ғайри қаноатбахш унвон мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив