LIVE

Зидан бори аввал ҳамчун мураббӣ аз Лигаи Чемпионҳо хориҷ шуд

Мутахассиси фаронсавӣ Зинедин Зидан бори аввал ҳамчун мураббӣ аз плей-офф Лигаи чемпионҳо хориҷ карда шуд.
Рӯзи 7 август, “Манчестер Сити” дар бозии дуввуми даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо  “Реал Мадрид” - ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Иттиҳад баргузор шуд ва бо ҳисоби 2-1 бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт.
Бозии аввал низ бо пирӯзии “Манчестер Сити” бо ҳисоби 2: 1 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, « шаҳриҳо» ба даври ¼ ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.  Клуби мадридӣ баромадҳои худро дар Лигаи чемпионҳо ба итмом расонд.
“Реал Мадрид” қаблан Лигаи Чемпионҳоро се маротиба ба даст оварда буд. Соли гузашта, низ “Реал Мадрид” дар даври 1/8 финали мусобиқа мағлуб шуда буд, аммо он замон дастаро Сантяго Солари сарварӣ мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив