LIVE

Пирӯзии бузурги "Реал" бар “Галатасарай”

Дар бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Реал” дар хонааш тими “Галатасарай”-и Туркияро пазируфт. Нерусанҷии бошгоҳҳо дар Мадрид сурат гирифта, бо ҳисоби бузурги 6:0 ба суди “гаразмониҳо” хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои “Реал”-ро Родриго (хет-трик), Карим Бензема ва Серхио Рамос муаллифӣ намуданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими “ПСЖ” дар хонааш дастаи “Брюгге”-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуд. Дар айни ҳол “ПСЖ” бо касби 12 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи “А” ба ҳисоб меравад. “Реал” бошад, бо доштани 7 хол дар мақоми дуюм мавқеъ касб намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив