LIVE

"ПСЖ" "Реал"-ро ба нокаут фиристод

Пеш аз оғозӣ бозӣ байни бошгоҳҳои “ПСЖ” ва “Реал” коршиносон пирӯзиро нисбати “гаразмониҳо” авлотар медонистанд. Гарчанде, ки дар ин рақобат ситораҳои асосии “ПСЖ” аз қабили Неймар, Мбаппе ва Кавани иштирок надоштанд, ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, “ПСЖ” “Реал”-ро ба нокаут фиристод. Рақобати дастаҳо дар дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» -и шаҳри Париж сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба суди парижиҳо хатм шуд. Бозии дигари гурӯҳ байни тимҳои «Галатасарай» ва «Брюгге» бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар айни ҳол “ПСЖ” бо касби се хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “А” мебошад.
Лигаи чемпионҳо
Гурӯҳи A
«ПСЖ» (Фаронса) — «Реал» (Испания) — 3:0 (2:0)
Голҳо: Ди Мария, 14 (1:0). Ди Мария, 33 (2:0). Мене, 90+1 (3:0).
«ПСЖ» (Фаронса): Навас, Мене, Тиагу Силва, Кимпембе, Бернат, Маркинюс (Эррера, 70), Гей, Верратти, Сарабия (Диалло, 89), Икарди (Шупо-Мотинг, 60), Ди Мария.
«Реал» (Испания): Куртуа, Карвахал, Варан, Эдер Милитау, Менди, Каземиру, Кроос, Хамес Родригес (Йович, 70), Азар (Васкес, 70), Бензема, Бэйл (Винисиус Жуниор, 79).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив