LIVE

"Реал" боз дучори бохт шуд

Дар бозии даври ½ ниҳоии Audi Cup бошгоҳҳои «Тоттенхэм Хотспур» ва «Реал» майдондорӣ намуданд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «Алянс-Арена»-и шаҳри Мюнхен баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди бошгоҳи лондонӣ хотима ёфт. Ягона голи ин набардро ҳамлавари англисии «Тоттенхэм Хотспур» Ҳарри Кейн муаллифӣ намуд. Ҳамин тавр дастаи «Тоттенхэм Хотспур» ба финали Audi Cup роҳ ёфт. Бозии дигари даври нимниҳоии мусобиқаи мазкур байни дастаҳои “Бавария” ва “Фенербахче” сурат гирифт, ки дар ин бозӣ мюнхениҳо дастаи рақибро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дода, ба финал роҳ ёфтанд. Акнун дар финали Audi Cup “Тоттенхэм” бо “Бавария” рӯ ба рӯ мешавад. Барои ишғоли зинаи сеюм бошад, “Реал” бо “Фенербахче” майдондорӣ мекунад. Рақобати ҳарду дастаҳо имрӯз баргузор мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Audi Cup ин як мусобиқаи дӯстонае мебошад, ки ҳар сол пеш аз оғози мавсим дар Олмон аз тарафи ин ширкати машҳури ҷаҳонӣ баргузор мешавад.

Audi Cup

Даври ½ ниҳоӣ

"Реал" – "Тоттенхэм" – 0:1 (0:1)

Гол: Кейн, 22.

"Реал" (Мадрид): Навас, Серхио Рамос, Варан (Начо, 65), Карвахал (Одриосола, 80), Марселу (де ла Фуэнте, 80), Кроос (Винисиус Жуниор, 64), Модрич (Сеоане, 80), Васкес (Валверде, 65), Азар (Иско, 80), Бензема (Диас, 80), Родригу (Кубо, 80).

"Тоттенхэм" (Лондон): Гассанига (Лйорис, 46), Алдервейрелд (Лукас Моура, 46), Фертонген (Санчес, 46), Роуз (Георгиу, 46), Фойт (Танганга, 46), Ндомбеле (Уокер-Питерс, 46), Эриксен (Скипп, 46), Уинкс (Сиссоко, 46), Ламела (Алли, 46), Кейн (Пэрротт, 66), Сон Хин Мин (Нкуду, 66).

"Бавария" – "Фенербахче" – 6:1 (5:0)

Голҳо: Ренату Санчеш, 22 (1:0). Горетска, 28 (2:0). Мюллер, 31 (3:0). Коман, 40 (4:0). Мюллер, 44 –пеналти (5:0). Мюллер, 59 (6:0). Крузе, 64 (6:1).

"Бавария": Нойер (Улрайх, 46), Зюле (Дэйвис, 59), Боатенг (Павар, 61), Киммих, Алаба (Толиссо, 60), Горетска, Тиагу Алкантара (Сайзер, 74), Гнабри (Мюллер, 20), Ренату Санчеш (Хави Мартинес, 60), Коман (Сингх, 60), Левандовски (Арп, 74).

"Фенербахче": Харун Текин, Садик Чифтпинар, Хасан Али (Дирар, 24), Исла (Саглам, 46), Жаилсон, Мехмет Экиҷи (Рейес, 46), Мендеш Родригеш (Зайтс, 46), Озан (Кадиоглу, 71), Крузе, Моузес (Сайядманеш, 66), Муричи.

21: 00 Реал Мадрид — Фенербахче LIVE   ТВ «Футбол»

23:30 Тоттенхэм Хотспур — Бавария LIVE  ТВ «Варзиш» 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив