LIVE

Комёбии "Барселона" дар Прага

Дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Барселона” ба меҳмонии тими “Славия” ба шаҳри Прагаи Чехия сафар кард. Набарди ин ду бошгоҳ пуршиддат ва суръатнок ҷарайё гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба суди қаҳрамони феълии Испания хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои “нилунориҳо”-ро Месси ва Олайинка (худгол) ба самар расониданд. Ягона тӯби “Славия”-ро Ян Борил муаллифӣ намуд. Дар бозии дигари гурӯҳи “Ғ” дастаҳои “Интер” ва “Боруссия”-и Д неру санҷиданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи шаҳри Малина бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, нахустин муваффақияти хешро дар мавсими имсолаи ЛЧ ба даст оварданд. Баъди ин бозиҳо “Барселона” бо касби 7 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи хеш мебошад. «Интер» ва «Боруссия» бо 4 имтиёзӣ дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтаанд. «Славия» бошад, дар ихтиёраш танҳо як имтиёз дораду дар зинаи охири ҷадвал мавқеъ касб намудааст.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ
Гурӯҳи “Ғ”
«Славия» Чехия – «Барселона» Испания- 1:2
Голҳо: Ян Борил (50) – Лионел Месси (3), Петер Олайинка (худгол) (57)
«Интер» Италия — «Боруссия» Д. Олмон — 2:0
Голҳо: Лаутаро Мартинес (22), Антонио Кандрева (89)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив