LIVE

Ҳоланд бо 58 гол дар Бундеслига рекорди нав гузошт

Ҳамлагари дастаи «Боруссия»-и Дортмунд Эрлинг Ҳоланд дар бозии даври 30-уми Бундеслига бар зидди «Волфсбург» (6:1) ду гол зад. Ҳоло ба ҳисоби ҳамлагари норвегӣ дар 63 бозии аввали Бундеслига 58 гол ба қайд гирифта шудааст, ки рекорди мусобиқа мебошад. Эрлинг Ҳоланд аз январи соли 2020 дар ҳайати "Боруссия Дортмунд" бозӣ мекунад. Ҳамлагари норвегӣ дар ин мавсим дар ҳайати “Боруссия Дортмунд” дар 26 бозӣ 25 гол задааст ва 7 партофти головар кардааст. Дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои Бундеслига Эрлинг Ҳоланд бо 18 гол дар ҷои сеюм аст. Роберт Левандовски бо 32 гол пешсаф аст. Пас аз шикасти «Воьфсбург» «Боруссия Дортмунд» бо 63 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали Бундеслигаи Олмон қарор дорад. «Бавария» бо 69 имтиёз пешсаф аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив