LIVE

"Боруссия" ҷойгузини Ҳоландро аз Италия ёфт

 «Боруссия»-и Дортмунд ба ҳамлагари «Фиорентина»  Душан Влахович таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Бошгоҳи олмонӣ ин футболбози сербиро ҷойгузини Эрлинг Ҳоланд мебинад, зеро ба норвегӣ топ-клубҳои Аврупо мароқ зоҳир намудаанд. Аммо ба даст овардани Влахович осон нахоҳад буд, зеро ба ин бозигар "Ювентус" ва "Тоттенхэм" низ таваҷҷуҳ доранд.

Дар мавсими ҷорӣ Влаховичи 21-сола дар ҳайати “Фиорентина” дар тамоми мусобиқаҳо 15 бозӣ анҷом дода, ба задани 13 гол ва 2 партофти головар муваффақ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив