LIVE

"Реал" ба ҳамлагари ҷадиди "Боруссия" мароқ зоҳир кардааст

Ҳуҷумкунандаи бошгоҳи "Боруссия" - Эрлиг Ҳоланд мумкин аст, корнамоии варзишиашро дар чемпионати Испания идома диҳад. Тибқи иттилои Marca футболбози 19 сола ҳадафи асосии бошгоҳи шоҳонаи "Реал Мадрид" дар трансфери тобистона маҳсуб меёбад. Дар бозори трансферӣ нархи Ҳоланд 75 млн € муқаррар гардидааст ва бошгоҳи шаҳри Мадрид омодааст, ки ин маблағро пардохт намояд.
Инчунин дастаи "Реал Мадрид" ба Лаутаро Мартинес аз дастаи "Интер" ва Тимо Вернер аз тими "Лейптсиг" мароқ зоҳир кардааст. Ҳоланд бошад, ҳадафи асосии дастаи "Реал" ба шумор меравад.
Ҳоланд бо маблағи 20 млн € аз бошгоҳи "Ред Булл Залсбург" моҳи январи соли ҷорӣ ба дастаи "Дортмунт" гузариш кард. Дар Бундеслигаи Олмон Эрлинг дар 8 бозӣ 9 гол ва 1 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив