LIVE

Эдегор мавсими ояндаро шояд дар Бундеслига идома диҳад.


Ниммуҳофизатгари "Реал"-и Мадрид Мартин Эдегор, ки имсол дар мусобиқаи Эрдивизияи Голландия дар ҳайати дастаи "Витес" баромад кард, шояд ҳунарнамоиашро дар Бундеслигаи Олмон идома диҳад. Ҳоло ба футболбози норвегягӣ бошгоҳи "Байер" таваҷҷуҳ кардааст. Саdena Ser яке аз нашрияҳои Олмон иттилоъ додааст, ки роҳбарияти "Байер" аллакай пешниҳоди хариди ин бозингарро ба дастаи "Реал" анҷом додааст. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими соли 2018/19 футболбози 20-сола тавассути иҷора дар дастаи "Витес", ки онро Леонид Слутский тамрин медиҳад ҳунарнамоӣ кард. Мавсуф дар 35 бозӣ ба задани 9-гол даст ёфта, 12 партофти головар анҷом дод. Хотирасон мекунем, ки Эдегор дар сини 16 солагиаш ба дастаи "Реал" гузариш карда, бори аввал дар поёни мавсими соли 201/15 бо пироҳанҳои ин даста ба майдон омад. Ӯ дар ҳамон вохӯрӣ Криштиану Роналдуро иваз намуд. Эдегор ҷавонтарин бозингари дастаи "Реал" маҳсуб мешавад, ки дар чемпионати Испания ҳунарнамоӣ кардааст. Он замон ӯ ҳамагӣ 16 солаву 156 рӯза буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив