LIVE

“Барселона” дар талоши харидории бозингари мумтози “Наполи”

Ба қавли Mundo Deportivo  “Барселона” ба нимҳимоятгари испании бошгоҳи футболи “Наполи” Фабиан Руис мароқ зоҳир карда, аз рӯи маълумоти сарчашмаи номбурда бошгоҳи каталонӣ ният дорад,ки дар трансфери тобистона ин футболбозро ба сафи  хеш шомил намояд.
 Ба ин футболбоз  “Барселона” ҳануз соли 2018 мароқ зоҳир карда буд,замоне ки ӯ ба “Наполи” гузариш намуд. Пештар бошад хабар дода мешуд,ки бошгоҳи итолиявӣ Фабина Руисро  бар ивази 45 миллион евро ба “Реал”-и Мадрид нафурӯхтааст.
 Лозим ба ёдоварист,ки Руис ба “Наполи” аз “Бетис” гузариш намуда, ҳаҷми ин трансфер 30 миллионро ташкил дода буд. Дар мавсими қаблӣ ин нимҳимоятгари испанӣ дар 27 бозии мусобиқоти итолиявӣ (20 бозӣ дар ҳайати асосӣ) панҷ гол зада, ҳамчунин чор паси головар низ ирсол намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив