LIVE

Ду бозӣ 5 гол: Ҷилои ситораи нав дар футболи муосир

Дар бозии даври 19-уми Бундеслигаи Олмон дастаҳои “Боруссия” Дортмунд ва “Кёлн” ба ҳам омаданд.  Дар мавсими ҷорӣ дортмундиҳо ҳарчанд дар сафар дучори душворӣ мешаванд, вале дар майдони худ боре ҳам мағлуб нашудаанд. Аз 8 бозӣ 5 дидор бо ғалаба анҷом ёфта, 3 дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ ба поён расидааст. Рақобати мазкур низ бо ҳисоби 5 бар 1 ба суди мизбонон хотиима ёфт.   Ҳанӯз дар дақиқаи якуми майдондорӣ Рафаел Герейру ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 29-ум бошад, Марко Ройс ҳисобро дуболо намуд. Қисми дуввуми майдондорӣ бо голи задаи Ҷейдон Санчо оғоз ёфт. Билохир дар дақиқаи 64-уми майдондорӣ Марк Ут як голи дастаи “Кёлн”-ро ба самар расонд. Пас аз як дақиаи ин гол ба майдон бозигари нави “Боруссия” Эрлинг Ҳоланд ворид шуд. Ӯ аз дақиқаи 77 –ум то  87-ум 2 голро марбути номи худ сохта, ҳисобро 5:1 сохт. Ҳамлагари 19 солаи дортмундиҳо Эрлинг Ҳоланд дар ду бозӣ 5 гол ба самар расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив