LIVE

“Манчестер Сити” дар бораи ивази Серхио Агуэро қарор баровар

Ҳамлагари "Боруссия" -и Дортмунд - Эрлинг Ҳолланд метавонад фаъолияти худро дар Манчестер идома диҳад. "Манчестер Сити" ба ҳунари футболбози 20-солаи норвегиягӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, менависад Marca. 
Ҳолланд дар феҳристи нафароне, ки Хосеп Гвардиола ба назди худ даъват кардан мехоҳад шомил шудааст. Клуб Эрлингро ҷойгузини ҳамлагар Серхио Агуэро мешуморад, ки тобистони имсол 33-сола мешавад. 
Қаблан хабар дода шуд, ки "Манчестер Сити" байни ду довталаб - Эрлинг Ҳолланд аз "Боруссия" ва Ромелу Лукаку аз "Интер" интихоб мекунад. Ҳоло "шаҳриҳо" ба интихоби худ эътимод доранд ва омодаанд, ки барои ин ҳамлагар 115 миллион евро пешниҳод кунанд. 
Ҳолландро инчунин "Челси" ва "Реал Мадрид" даъво мекунанд. Дар мавсими ҷорӣ Эрлинг бо "Боруссия" - Дортмунд 21 бозӣ гузаронида, 22 гол зада, 5 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив