LIVE

«Бачаи тиллоӣ»-ро “Челси” мехарад

Ҳамлагари "Боруссия Д" Эрлинг Ҳолланд шояд корномаи варзишии худро дар тими  "Челси"-и Англия идома диҳад.   Тибқи хабаргузории  Sky Sport Italia дастаи  шаҳри Лондон талош дорад, то дар трансфери тобистона футболбози мазкурро ба ҳайати худ шомил кунад. Чанд рӯз қабл,  Ҳолланд соҳиби ҷоизаи Golden Boy гардид, ки ин унвон ба беҳтарин футболбози ҷавони то синни 21-солаи Аврупо тақдим мешавад. Хотиррасон менамоем, ки Эрлинг Ҳолланд моҳи январи соли 2020 аз дастаи  “Залтсбург” - и Австрия ба ивази 20 миллион евро шомили тими “Боруссия Д” гардида буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив