LIVE

Талошҳои «МЮ», «Ювентус» бе фойда. Холанд ба Олмон рафт

Директори варзишии клуби «Боруссия» Дортмунд Михаэл Тсорк дар бораи гузариши ҳамлагари ҷавони дастаи «Залтсбург» - Эрлинг Холанд расман иттилоъ дод.
«Ҳама умедвори онем, ки ӯ дар дастаи мо боз ҳам рушд карда, ҳунари худро сайқал медиҳад. Холанд аз лиҳози ҷисмонӣ пуркувват ва ҳамлагари закӣ мебошад. Бо истеъдоду суръате, ки ӯ дорад дар «Боруссия» рушду инкишоф хоҳад ёфт. Эрлинг 19 сол дорад. Ӯ ҳамакнун қадамҳои нахустини корномаи варзишии зебоашро мегузорад», иқрор шудааст Тсорк.
«Боруссия» имрӯз аз гузариши Холанди 19 сола бо арзиши наздик ба 22 млн евро хабар дод. Гуфта мешавад, ки  Эрлинг Холанд  бо дортмуниҳо то соли 2024 шартнома бастааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив