LIVE

5 - футболбозе, ки аниқ моҳи январ клубҳояшонро иваз мекунанд

Бозиҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо хотима ёфтанд. Клубҳои футбол ва бархе аз футболбозон интизори кушода шудани бозори трансферии зимистона мебошанд. Футболбозоне, ки ба наздикӣ дастаҳои худро иваз мекунанд, инҳоянд: 
Марио Манджукич 
Ҳанӯз мавсим шуруъ нашуда, сармураббии нави «Ювентус» - Мауритсио Сарри гуфта буд, ки дар тими ӯ ҳамлагарон зиёданд ва Марио Манджукич дар нақшаи ӯ нест. Ин тобистон ба ин бозигари хорватӣ дастаи нав пайдо карда нашуд ва дар натиҷа ҳамлагар аз 24-уми сентябр инҷониб  боре ҳам ба майдон набаромад. Ба иттилои ESPN Марио имкон дорад, ки футболбози  «Манчестер Юнайтед» гардад, аммо баъдтар боз хабаре нашр шуд, ки «МЮ» хоҳиши бастани шартномаро бо Эдин Ҷеко дорад. Sport Bild бошад, иттилоъ дод, ки  Манджукич омодааст бо «Боруссия» қарордод бандад. Арзиши  Марио дар бозори гузаришҳо  8-10 млн евро баҳогузорӣ карда мешавад.  
Дрис Мертенс

Ҳоло дар «Наполи» муносибати бозигарон бо роҳбарият хуб нест. Чунин муносибат ба футболбозон писанд нест ва лидерони даста «Наполи»-ро тарк кардан мехоҳанд. Миёни онҳо — Дрис Мертенс, ки сар аз соли  2013 инҷониб дар даста бозӣ мекунад ҳаст. La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад, ки футболбози белгиягиро шартномааш соли 2020 хотима меёбад ва  намехоҳад онро тамдид созад. Феълан якчанд дастаҳо: «Галатасарай», «Боруссия» Д ва  «Интер» Дрисро дар ҳайати худ дидан мехоҳанд.  Арзиши  Мертенси 32 сола  25 миллион гуфта мешавад. 
Пол Погба
Тобистон Погба то рӯзи охири гузаришҳо умед дошт, ки аз Англия меравад. Пол мехост корномаи варзишиашро дар  «Реал» идома диҳад. Қаҳрамони ҷаҳонро «МЮ» намехост аз даст диҳад ва барои ӯ маблағи калон талаб кард.  Бо фаъол гардидани мавсими гузариш  Погба барои пироҳани бошгоҳи мадридиро ба бар кардан боз кӯшиш мекунад.  Ин навбат на танҳо «Реал», балки «Ювентус» низ барои ниммуҳофизатгар талош хоҳад кард. Тибқи иттилои Tuttosport «Ювентус» дар аввалин фурсат барои бозигари мазкур дархост пешниҳод мекунад.  Аллакай директори варзишии туриниҳо Фабио Паратичиро дар  Манчестер дидаанд. Уле-Гуннар Сулшер ҳанӯз ҳам умед дорад, ки Погба дар тим боқӣ мемонад. Аз 30-юми сентябр то ҳол футболбоз бо иллати лат бардоштан ба майдон набаромадааст, аммо гуфта мешавад, ки ӯ барвақт сиҳат шудааст, вале дигар дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ кардан намехоҳад. Погба феълан 100 млн евро арзиш дорад.  
Эрлинг Холанд Ин футболбози ҷавон дар мавсими ҷорӣ аз худ дарак дод. Дар 6 дидори Лигаи чемпионҳо ӯ 8 гол заду дар рақобат бар муқобили  «Генк» дар 37 дақиқа хет-трик намуд. Шикор барои ин бозигари соҳибистеъдод оғоз шудааст. Дастаҳои абарқудрати аврупоӣ ба ӯ мароқ зоҳир карданд, аммо довталаби асосӣ - «Манчестер Юнайтед» маҳсуб мешавад. Яке аз бартариятҳои “МЮ” дар он аст, ки Сулшер бо Холанд дар «Молде» кор кардаанд ва ҳамдигарро мешиносанд.  
Златан ИброҳимовичҲамлагари шведӣ аллакай ба синни 38 расидааст. Ҳамагон гумон мекарданд, ки «Лос-Анджелес Гэлакси» охирин клуби ӯ хоҳад буд. Баъди болида сохтани мухлисони амрикоии худ Златан 14-уми ноябр рафтанашро аз «Гэлакси» эълон намуд. Хабарҳо Златанро ба куҷоҳо набурдаанд. Аввал ба Испания, баъдан ба Италия. Агенти Иброҳимович - Мино Райол бошад, хабарҳоро бардурӯғу беасос номида, иттилоъ дод, ки ҳоло гузариши Златан маълум нест. Ба иттилои бархе аз сарчашмаҳо  «Эвертон» ба бозигари шведӣ пешниҳоди 4 млн фунт стерлинг дар як сол кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив