Ҳамлагари “Ювентус” Марио Манджукич дар кутоҳтарин фурсат фуболбози “Манчестер Юнайтед” мегардад, хабар медиҳад La Gazzetta dello Sport.
Тибқи хабаргузории сарчашма футболбози 33-солаи хорватӣ аллакай барои ба имзо расонидани қарордоди ҳамкорӣ бо “Манчестер Юнайтед” ба мувофиқа расидааст.
Манджукич соли 2015 аз “Атлетико Мадрид” ба “Ювентус” гузашта буд.