LIVE

Маркос Лйоренте ба "Атлетико" гузариш кард

Бошгоҳҳои “Реал” ва “Атлетико Мадрид” дар бобати гузариши нимҳимоятгар Маркос Лйоренте ба мувофиқа расиданд. Имрӯз футболбоз аз муоинаи тиббии бошгоҳи “Атлетико” гузашта, ба муддати 5 сол қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад. Тибқи маълумотҳо “Атлетико” барои харидории Лйоренте ба хазинаи “гаразмониҳо” 40 млн евро пардохт намудааст.  Лйорентеи 24 сола на танҳо дар хати нимҳимоя, балки дар хати ҳимоя низ метавонад хуб ҳунарнамоӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив