LIVE

Сегонаи нав дар “Барселона”

Ҳамлавари фаронсавии бошгоҳи “Атлетико Мадрид” - Антуан Гризманн ва форварди бразилии “ПСЖ” – Неймар шояд сар аз мавсими нав бо пероҳани “Барселона” ба майдони набард бароянд.  Тибқи хабаргузории маҷаллаи Mundo Deportivo Гризманн мақсади асосии “нилунориҳо” дар мавсими 2019/20 мебошад.  Каталониҳо орзу доранд, ки Антуан дар даста Филиппе Коутинюро иваз мекунад. Дар айни замон маблағи гузариши Гризманн 120 млн евро муқаррар шудааст. Гузариши Неймари 27 сола низ аз эҳтимол дур нест. Худи Неймар низ борҳо иҷрор омадааст, ки мехоҳад, ба “Барселона” гузариш намояд. Роҳбарияти каталониҳо мехоҳанд, ки Усмон Дембеле ва Иван Ракитичро бо Неймар иваз намоянд.  Дар сурати гузариши Неймар ва Гризманн мо сар аз мавсими 2019/20 дар ҳайати “нилунориҳо” сегонаи нав – “МНГ” Месси, Неймар ва Гризманнро хоҳем дид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив