LIVE

Бозгашти Неймар ба «Барселона»

Баъд аз нокомӣ дар Лигаи Чемпионҳо ва финали Ҷоми Испания роҳбарияти “Барселона” ба хулосае омадааст, ки сармураббии даста Эрнесто Валверде ва якчанд футболбозро аз даста пеш кунад. Тибқи хабаргузории сомонаи Marca “нилунориҳо” нақша доранд, ки ҳамлавари “ПСЖ” - Неймарро дубора ба ҳайат баргардонанд. Дар сарчашма гуфта шудааст, ки “Барселона” тайёр аст, ки Усмон Дембелеро бо Неймар иваз намояд. Гарчанде, ки Усмон тактикаи хуби бозӣ дорад, аммо ҷароҳатҳои пай дар пай ӯро аз сафи даста дур мекунад. Инчунин “нилунориҳо” мақсад доранд, ки сарвони “Аякс” – де Лигт ва ҳамлавари “Атлетико”- Антуан Гризманнро харидорӣ намоянд. Худи Неймар низ розӣ аст, ки дубора ба “Барселона” ояд. Дар сурати гузариши Неймар мо шоҳиди эҳёи дубораи “МСН” дар “Барселона” хоҳем шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив