LIVE

 Талоши “МЮ”, ПСЖ” ва “Барселона” барои қаҳрамони ҷаҳон

Бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” нақша дорад, ки дар равзанаи хариду фуруши тобистонаи футболбозон ҳамлавари фаронсавии “Атлетико Мадрид” - Антуан Гризманнро харидорӣ намояд. Якчанд рӯз пеш футболбози 28 сола эълон карда буд, ки баъди анҷоми мавсим “Атлетико”-ро тарк хоҳад кард. Бағайр аз “МЮ” боз дастаҳои “ПСЖ” ва “Барселона” хостгори асосӣ барои соҳиб шудани Гризманн ба шумор мераванд. Арзиши Антуан дар бозори ҷаҳонӣ 150 млн евро муқаррар шудааст. Хотиррасон бояд шуд, ки Гризманн бо ҳайати Фаронса Ҷоми ҷаҳон-2018-ро ба даст оварда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив