LIVE

Ниҳоятан де Лигт дастаи навашро интихоб кард

Тибқи иттилои сомонаи расмии Sky Sports сарвон ва дифоъгари ҷавони ҳолландии бошгоҳи “Аякс” Матейс де Лигт корномаи варзишии хешро дар “Барселона” идома медиҳад. Ғунчаи 19 сола пешниҳодҳои ҳангуфти “Ливерпул”, “Ювентус”, “Бавария” ва “Манчестер Юнайтед”-ро қатъиян рад намуда, дастаи “Барселона”-ро интихоб намудааст.

Бо хабаргузории сарчашма “нилунориҳо” барои харидории де Лигт ба хазинаи бошгоҳи ҳолландӣ 75 миллион евро пардохт мекунанд. Дар сурати гузариши Матейс ба “Барселона” ӯ баъд аз Вирҷил ван Дейк (“Ливерпул” 84,65 млн евро) дуюмин гаронарзиштарин дифоъгар дар таърихи футбол мешавад. Дар ин мавсим де Лигт дар 55 бозии “Аякс” ширкат варзида, ба задани 7 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив