LIVE

Расман: Эден Азар дар назди мухлисон муаррифӣ карда шуд

Эден Азар дар варзишгоҳи маъруфи “Сантяго Бернабеу” ба ҳайси футболбози нави “Реал Мадрид” расман муаррифӣ карда шуд. Футболбози 28 солаи белгиягӣ ва ҳамакнун собиқ бошгоҳи “Челси” яке аз муомилотҳои асосии дастаи “Реал” дар мавсими гузариши тобистонаи бозингарон маҳсуб мешавад. Чун анъана футболбози маъруфи белгиягӣ бо пироҳани “гаразмониҳо” вориди варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» гардида, якчанд тӯбро ҷониби мухлисон ҳаво дод ва дар маросими аксгирӣ ширкат намуд. Эден Азари 28 сола санаи 7-уми июн бо бошгоҳи “шоҳона” қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида, гузариши худро аз дастаи «Челси»-и Англия ба “Реал” тасдиқ намуд. Дар маросими муаррифии Эден Азара беш аз 50 ҳазор мухлис ба ҳам омадаанд. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарии испанӣ дар тӯли таърихи бошгоҳи “Реал” танҳо дар муаррифииӣ як футболбоз, он ҳам бошад Криштиану Роналду 80 ҳазор мухлис дар варзишгоҳ ба ҳам омада буданд, ки ин нишондоди рекордӣ ба ҳисоб меравад. Барои гузариши Азар аз “Челси” бошгоҳи “шоҳона” аз 100 то 130 миллион евро маблағ сафр кардааст. Ин футболбози маъруф бо дастаи футболи шаҳри Мадрид то соли 2024 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Эден Азар футболбози навбатии тозаинтихоби “Реал” маҳсуб мешавад. То ин замон бошгоҳи мазкур бо Ферлан Менди, Лука Йович, Родриго ва Эдер Милитао қарордоди ҳамкорӣ баста буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив