LIVE

“Ювентус” аз дифоъгараш ҷудо шудани нест

Муҳофизатгари 21 солаи “Ювентус” Мерих Демирал эҳтимол аст дар даста боқӣ монад. Сомонаи варзишии La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад, ки туриниҳо пешниҳоди кардаи “Зенит”-и Петербургро рад карданд. Қаблан низ “Атлетико”, “Тоттенхэм“, “Милан”, “Рома”, “Фиорентина” ва “Манчестер Юнайтед” ба ин бозингари турктабор мароқ зоҳир карда буданд, вале туриниҳо пешиҳоди онҳоро низ қабул накарда буданд. Туриниҳо ин футболбозро аз дастаи “Сассуоло” харидори карда буданд. Мавсими гузаштаро Дамирал дар “Аланяспор” ва “Сассуоло” ҳамчун футболбози иҷоравӣ гузаронида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив