Мауритсио Сарри сармураббии нави бошгоҳи футболи “Ювентус” интихоб гардид, хабар медиҳад сомонаи расмии туриниҳо. Қарордод байни коршиноси 60 сола ва даста то 30-юми июни соли 2022 ба имзо расонида шудааст. Сарри дар ин мақом Массимилиано Аллегриро, ки аз соли 2014 то соли 2019 дар курсии сармураббиии “Ювентус” адои вазифа мекард, иваз намуд. Қаблан Мауритсио дар бошгоҳи “Челси”-и Лондон ба ҳайси сармураббӣ фаъолият дошт. Дастаи “Челси” бо роҳбарии ӯ ғолиби Лигаи Аврупо гардид.