LIVE

Чаро де Лигт «Ювентус»-ро интихоб карду «Барселона» ва «ПСЖ»-ро рад кард?

Футболбози нави бошгоҳи “Ювентус” Маттейс де Лигт иқрор омад, ки чаро маҳз бошгоҳи “Ювентус”-ро интихоб карду, пешниҳоди дастаҳои “Барселона” ва “ПСЖ”-ро рад кард.
"Ин интихоб бароям хеле сангин буд. Аз ҷониби бошгоҳҳои мазкур якчанд пешниҳодҳои олӣ буд, аммо ман имконияти танҳо як пешниҳодро қабул кардан доштам. Сабаби гузариши ман ба “Ювентус” ин якчанд далелҳо дорад, ки дар инҷо гуфтан шарт нест. Барои ман пеш аз ҳама бештар бозӣ карданд дар дастаи навам мебошад. Пешниҳоди якуми туриниҳо ба ман ин буд, ки ман дар ҳайати захиравӣ ҳаргиз наменишинаму танҳо дар ҳайати аввалия ба майдон мебароям. Ман ҳоло ҷавон ҳастаму намехоҳам, ки таҷрибаи футболбозиамро аз даст диҳам. Аз ҳамин лиҳоз пешниҳоди “Барселона” ва “ПСЖ”-ро рад намуда, “Ювентус”-ро интихоб кардам”, иқтибос меорад сомонаи Goal.com аз ҷумлаҳои де Лигт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив