LIVE

Расман: Алваро Мората футболбози "Атлетико" шуд

Ҳамлавари бошгоҳи “Челси” - Алваро Мората ба дастаи “Атлетико Мадрид” гузариш кард, хабар медиҳад сомонаи расмии “ашрофзодаҳо”. Мавсими гузаштаро низ Мората ба таври иҷора дар “Атлетико” сипарӣ намуда буд. Ҳамин тавр роҳбарияти дастаи испанӣ ба хулосае омад, ки Алваро Моратаро харидорӣ намояд. Маблағи гузариши Алваро ба “Атлетико” 55 млн евроро ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Алваро Мората қаблан дар дастаҳои “Реал”, “Ювентус” ва “Челси” майдондорӣ намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив