LIVE

Расман: Диего Годин футболбози “Интер” шуд

Дифоъгари бошгоҳи “Атлетико Мадрид” ва яккачини Уругвай - Диего Годин ҳамчун футболбози озод ба бошгоҳи “Интер”-и Италия гузариш намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи итолиёвӣ. Годин аз соли 2010 то ин ҷониб шарафи бошгоҳи “Атлетико”-ро ҳимоя мекард. Ҳамроҳ бо “Атлетико Мадрид ” ӯ Чемпиони Испания, ғолиби Ҷоми кишвар, ду бор барандаи Лигаи Аврупо, се маротиба ҷоизадори Суперҷоми УЕФА ва инчунин қаҳрамони Суперҷоми Испания гардидааст. Дар ин фурсату фосила Диего дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Мадрид 277 бозӣ доир намуда, ба задани 17 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив